эй оби ҳубоб об дарёб
Сарчашмаи ин сароб дарёб
Ҷомӣу шаробу ҷисму ҷонӣ
Ин ҷоми пар аз шароб дарёб
Соқии қадаҳӣ ба дасти мо даҳ
Хайрӣ бикун ва савоб дарёб
Длсўхтаҳем зи оташи ишқ
Ҷонои ҷигар кабоб дарёб
Ҷомии зи ҳубоб пар кун аз об
Обӣ бихӯр ва ҳубоб дарёб
Моӣими ҳиҷоби мо дар ин баҳр
Обаст ҳиҷоб об дарёб
Дарёб ҳузури неъмати аллоҳ
Ин неъмат беҳисоб дарёб