Зуҳд бигзору хирқаро бифурӯш

Ҷом меро бигиру хуш май нӯш

Завқи мастӣ касе ки дарёбад

Гарчи оқил буд шавад мадҳуш

Дар хароботи маст май гирдам

Ҳамчуи риндони хушии сабу бар дӯш

Соғар май мудом май нӯшам

Сархушона чу хам май дар ҷӯш

Рози ҳушёри пеш маст магӯ

Вар бгўӣӣ бигӯ ки он май пӯш

Гавҳари баҳр мост гуфта мо

Хуш буд ҳар ки мекунад дар гӯш

Шоҳиди мости соқии сармаст

Неъмати аллоҳи гирифта дар оғӯш