Соқии сархуши мо ҳамдами мо май бениш

Ҷом майро ба кафовар ба сафо май бениш

Офтобӣаст ки бар ҳар ду ҷаҳон тофта аст

Май намояд ба ту равшани ҳамаи ҷо май бениш

Нақш бастем хаёли рух ӯ бар дида

Хуш хаёлӣаст дар ин дидаи мо май бениш

Хезу ойина аз мардум бино баталаб

Биншин дар назари моу худо май бениш

Нур чашмаст ки чашмат абадан равшани бод

Бирав эй нури ду чашм ва абадан май бениш

Гар ҷФоӣӣ кунад он дӯст ба ҷони миннати дор

Бикаш он ҷавр вале лутфу вафо май бениш

Банда бо Сайиди сармаст ҳарифаст мудом

Подшоҳӣ ба карами ёри гадо май бениш