Дишаб ба хоб дидам нақши хаёли рӯйиш
Дидам ки мекашидам мастонаи сӯ ба сӯяш
Бигрифта дар канорами тарсои бача ба сад ноз
Бастаи миён ба зуннор багушӯда буд мӯяш
Исо дамаст ёрам , ман зиндаи дил аз онам
Бо ҳар ки дам барорам бошам ба гуфту гӯйиш
Олам шудаи мунаввар аз нури талъат ӯ
Хушбӯ буд ҷаҳонӣ аз зулфи машки бӯяш
Ганҷаст ишқи ҷонон дар кунҷи дили дафина
Гар майли ганҷи дорӣ дар кунҷ дил биҷӯяш
Соқӣ биор ҷомӣ бар фарқи мо фурӯи рез
Ин хирқа дар бар мо Лутфӣ кун ва башуяш
Монанди булбули маст бар рӯй гул фитодем
Аз ишқи неъмат аллоҳ биниҳода рӯбарӯяш