Дарди дардаши дрдхўорӣ боядаш
Дардмандии бурдборӣ боядаш
Гар бинолад булбулӣ айбаш макун
Ошиқасту глъзорӣ боядаш
Дил ба дилбари ҷон ба ҷонон ме диҳад
Ҳар ки ӯ васли нигорӣ боядаш
Ринди сармастӣ ки май нӯшади мудом
Хуши ҳарифӣу канорӣ боядаш
Дар чунин майдон ки мо гўӣӣ задем
Подшоҳии шаҳсаворӣ боядаш
Дил буд ойина ӯ ойинаи дор
Оинаи ойинаи дорӣ боядаш
Ёри ёрони тарк ағёрон кунад
Гарчи Сайиди ёри ғорӣ боядаш