Ин ҳузур ошиқонасту самоъ
Суҳбат соҳибдилонасту самоъ
Ҳазрати мисатони хоси алхос ӯ
Маҷлис озодагонасту самоъ
Ёр бо мо дар самоъи маънавӣ
Ин маъониро баёнасту самоъ
Гар давои дард май ҷўӣии биё
Дарди дили дармон ҷонасту самоъ
Дар ҳарими кибриёии ишқ ӯ
Ҳоиу ҳўӣ ошиқонасту самоъ
Ҳар киро завқӣаст гӯ дар на қадам
Ҷони Сайид дар миёнасту самоъ