Об мо меравад биҷӯ дарёб

Айни моро биҷӯ накӯ дарёб

Ҷоми бустону бодаро май нӯш

Хам май май нигар сабу дарёб

Во макун дидаро зи аҳли назар

ӯ ба ӯ байн ва ӯ ба ӯ дарёб

Сухани пушту рӯ басӣ гуфтанд

Ин сухан низ пушт ва рӯ дарёб

Дар сари зулф ӯ парешони шӯ

Ҷамъ мебош мӯ ба мӯ дарёб

Як замонӣ ба чашм мо бингар

Оби ин чашмаи сӯ ба сӯ дарёб

Ҷоми гетии намо ба даст овар

Неъмати аллоҳро накӯ дарёб