Вуҷӯди мутлақ алҳақ ӯст дарёб

Муқайяд ӯ ва мутлақ ӯст дарёб

Хаёл ботилат дорад парешон

Бибин маҷмӯро ҳақ ӯст дарёб

Тўӣии толиби тўӣии матлӯби мо фаҳм

Бигӯ аз ҷон ки сидқ ӯст дарёб

Дилу дилдору ҷони мо ҳама ӯст

Муҳӣту мавҷ ва заврақ ӯст дарёб

Аз он мо ғарқа дарёӣ ишқем

Равони ҷон ва мағз ӯст дарёб

Ба ҳақ таҳқиқ шуд моро ҳақиқат

Ки мавҷӯд муҳаққиқ ӯст дарёб

Шароби ноб беғаш нӯш кардем

зи ҷомии каш мрўқ ӯст дарёб

Тилисми ганҷи ишқи дӯсти моӣим

Вале фаттоҳ ва мутлақ ӯст дарёб

Агар Сайид аноолҳқ зад ба ҳақ зад

Чу гуёӣ аноолҳқ ӯст дарёб