Хаттии кӯро на ҳасанаст ва на тартиб

На дар аъроб ӯ фатҳаст ва на зм

Ҳамаи тафсил ӯ иҷмоли таҳқиқ

Ҳамаи тавҳид ӯ таҳқиқи аъзам

Касе бар хонд ин хати муаммо

Ки дар олам на худ бинад на олам

На оғорш шавад монеъ на анҷом

На Иблисаш ҳиҷоб ояд на одам

На аз куфраш буд андеша на аз дайн

На андешаи зи фирдавсу ҷаҳаннам

Барои офариниш бошадаш сайр

На номаҳрам буд бо ӯ на муҳаррам

Мубарро бошад аз ҳар буду нобӯд

Муҷаррад бошад аз ҳар кам

Чу Сайидро мусаллам нест ин дард

Надонам то киро бошад мусаллам