Манам ки ҳиммати ман ҷуз худо наме ҷӯяд

Хушаст ҳиммати олӣ ки боди поянда

Ҳазор мутриби ушшоқро навои созам

Чу соз мо бинавозад ба лутфи созанда

Ба ҳар тараф ки назар мекунам ба дидаи худ

Ҳазор оинаи байнами яке намоянда

Ту рости гӯшаи ақл ва марост хилвати ишқ

Тўрости хитта доро марост доранда

Ғуломи Сайидаму подшоҳ ҳар дўҷҳон

Аҷаби мадор ки султони маро буд банда