Ҷони ҷоҳил ба мурғакӣ монад

Ки гирифтор дар қафас бошад

Ҳосили умри ончунон мурғӣ

Шак надорам ки як нафас бошад

Равшан аз офтоб хоҳад буд

Ҳар ки чун моҳ муқтабас бошад

Ин чунин рӯҳи поки қудсии ман

Ҳайф бошад ки дар қафас бошад