Илми мо дар илм ӯ айн вай аст
Илми олам бевуҷӯдаш лошӣ аст
намедиҳад моро вуҷӯд аз ҷӯади хеш
Май диҳем ӯро зуҳӯр аз буд хеш
Обрӯии ҷом май аз вай буд
Гарчи вайро ҳам зуҳӯр аз май буд
Ҷом дар даврасту соқӣ дар назар
Ҷом май бустону соқӣ май нигар
Як замон бар дида бино нишин
Шоҳиди маънӣ ба ҳар сӯрат бибин
Олимӣ аз нур ӯ равшан шуда
Юсуфии пинҳон ба пероҳан шуда
Дар муҳӣти илми аъён чун ҳубоб
Нақши бастаи сӯрати асмо бар об
Айни мо бар мо агар пайдо буд
Ҳарчӣ мо байнем айни мо буд