Ман вилоят дар вилоят дида ам

Хуш вале эй дар вилоят дида ам

Гуфта аҳли вилоят гӯш кун

Ҷоми бода аз вилоят нӯш кун

Чашм аз нури вилоят равшан аст

Дар вилояти он вилоят бо ман аст

Бо вилоят ҳар ки ӯ ҳамдам буд

Дар вилояти соҳиби аъзам буд

Як дамӣ бар нури чашм мо нишин

Дидаи аҳли вилоятро бибин

Сӯрату маънӣ ки ҳар ду бо ман аст

Аз набуввати вази вилоят равшан аст

Дар вилоят ҳар чаҳ бинӣ ӯ буд

Лоҷарами олами ҳамаи некӯ буд

Аз вилоят то вилоят ёфтам

Ҳар замонии сад вилоят ёфтам

Ҳар киро бошад вилоят аз худо

Дар вилоят бошад ӯ аз авлиё

Исм ҳақ бошад вале дар шаръу дайн

Ҳам вилояти васф ӯ бошад яқин

Шуд набуввати хатм аммо ҷовдон

Бошад ин ҳукми вилоят дар миён