Нуқтае дар доира бинмуд мем

Мем ин маънӣ талаб фармо зи ҷим

Лозим ҷимаст мем эй ёри ман

Кӣ буд бе мем ҷим эй ёри ман

Орифон донанд рози орифон

Орифона гуфта ориф бихон

Ҷунбиши соя буд аз офтоб

Бо ту гуфтам сари олам бе ҳиҷоб

Аз вуҷӯдаш соя меёбад вуҷӯд

Вар на бе ӯ сояро будӣ набӯд

Ваҳдат аз зотасту касрат аз сифот

Ваҳдат ва касрат биҷӯ аз коинот

Гар ду мехуоне бихонаш содиқӣ

Вари яке гўӣӣ бигӯгар ошиқӣ

Ҳақи таъолӣ бар ҳамаи шиӣии шаҳид

Ҷони ман шаҳди шаҳодат зу чашид

Ояти ғайбу шаҳодатро бихон

Ваҳдату касрат аз он ҳар ду бидон

Ғайби ботини дони шаҳодати зоҳираш

Он яке аввал бигир ин охираш

Ҳолату мозӣ ва мстқбл бидон

Ҳади фосил ҳол бошад дар миён

Гар набӯдӣ ҳол будӣ бе шаккӣ

Мозӣу мстқбл эй оқили яке

Аз хати мавҳуми он як ду намӯд

Ду намӯд аммо ҳақиқат ду набӯд

Хати мавҳум ар набӯдӣ дар миён

Кӣ намӯдӣ як ҳақиқат дар ҷаҳон

Хонам аз лавҳи абади рози азал

Май навозам то абади сози азал