Даҳ чизи набии ҳақ ба уммат

Фармуд аломати қиёмат

Аввали дӯд аз ҷаҳон барояд

Дунёи пас аз он басӣ напояд

Онгаҳ даҷоли кӯри нохуш

Пайдо гардад чу обу оташ

Добаҳи пас аз он падед ояд

Аммо бисёр ҳам напояд

Хуршед аён шавад зи мағриб

Онгаҳ равон равад зи мағриб

Мағриби машриқи намояди он рӯз

Аз партави шамъи олами афрӯз

Панҷуми исо фурӯд ояд

Бар мо дар раҳматии кушояд

Онгаҳ бошад зуҳӯри иأҷўҷ

Бо лашкар бе шумори мأҷўҷ

Яксоли се бор ма бигирад

Бисёр шаҳу гадои бимирад

Охири зи Яман бар ояд оташ

Сӯзадтару хушки мардумони хуш

Инаст аломати қиёмат

Фармуд расӯли ҳақ ба уммат