Дидеми хаёли мавҷу дарё
Нақшӣаст бар оби дидаи мо
Бар пардаи чашми мо сӯии аллоҳ
Нақшӣаст хаёли бастаи валлоҳ
Наққоши нигар ки нақши баста
Бо нақши хушаш хушӣ нишаста
Як айн буд басии мазоҳир
Айнӣ ба мазоҳираст зоҳир
Зотш бинмуд дар мроё
Сӯрати бастанди ҷумлаи ашё
Файёз ба файзи ақдас эй ҷон
Фармӯдаи тааюноти аъён
Аъён дар илми собтоннд
Болаззоти бдонкаҳ айн зотанд
Ҳар айн ба ту аёни намояд
Исмӣ чу ниқоби бргшоид
Маҷмӯи сифот ӯ насаби дон
Ансоби ҳама аз ӯ фурӯ хон
Баҳрасту ҳубобу мавҷу ҷӯи чор
Ҳар чори яке буд ба ночор
Ҳар файзи хушӣ аз ин фуюузот
Фатҳӣаст ки бахшадат футуҳот
Ҷомӣ ба кафи ор то туоне
Май нӯши зи хами хусравоне
Май нӯш ба завқ дар саҳари гоҳ
Шодии равони неъмати аллоҳ