Чун расӯли худо ба амри худо
Азм фармуд то ба дори бақо
Ҳурён саф заданд ради гардиш
Гирд ӯ буд гирд бар гардиш
Илмаш омад ки ёри ғор ту ам
Амал омад ки дӯстдор ту ам
Эътиқод омаду ҷамолии хуш
Ҳол омад чаҳ ҳол , ҳолеи хуш
Ҷилва карда мақом ӯ , ӯ ро
Раҳ намӯда калом ӯ , ӯ ро
Рӯҳи пайғамбарон ба истиқбол
Омада аз барои ъзу камол
Раҳмати ҳақи нузули фармӯда
Узри уммати қабули фармӯда
Аввали субҳу оқибати Маҳмӯд
Ба саломат азиматӣ фармуд
Ҷони покаши зи тан азимат кард
Ҳису рӯҳаши равон азимат кард
Рафт ризвони зи равзаи каф бар каф
Зада холи сияҳи бадви мтрФ
Ҷинати ороста ки шоҳ омад
Мазҳари ҳазрат илоҳ омад
Ҷамъи ёрон чу ончунон диданд
Ғам дайн доштанд ва тарсиданд
Ки мабодо ки дайн халал ёбад
Душманӣ аз миёнаи бишитобад
Рафтан ӯ мисли ба хоб заданд
Чанг дар суннат ва китоб заданд
Нек дарёб ин сухан ба тамом
То биёбӣ муроди худ вассалом