Май соф дигар дар ҷом кардам
Муҳаббати номааш зон ном кардам
Муҳибона ба маҳбӯбӣ навиштам
зи толиби сӯй матлӯбӣ навиштам
Бихонаш хуш ки асрор илоҳӣ аст
Маъонии баён подшоҳӣ аст
Ҳамаи дардат азу ёбад дўоӣӣ
Буд ойинаи гетии нмоӣӣ
Ба ҳар сӯрат ба ту ҳасании намояд
з ҳар маънии туро ишқӣ фазояд
Каломи дилпазир ошиқон аст
Агар маъшӯқ ҷӯяд ошиқ он аст
Ҳама ишқасту ғайр аз ишқ худ нест
Бензад ӯ ҳама неканд ва бад нест
Ҳамаи олам ба ишқ аз ишқ пайдост
Назар кун ишқ дар олам ҳувайдост
Набошад ошиқу маъшӯқ бе ишқ
Наёбӣ холиқу махлуқ бе ишқ
Муҳиб ар васл маҳбӯбаш таманност
Муродаш дар муҳаббат мешавад рост
Муҳибу ҳубу маҳбӯб ар бадоне
Муҳибро ғайр маҳбӯбаш нахонӣ
Агар дарё вагар мавҷ ва ҳубоб аст
Ба назд мо ҳаи ҷом шароб аст
Сиблат моаст майхонаи саросар
Агар май май хурии пеши ори соғар
Ба шодии неъмати аллоҳ нӯш кун май
Ки кам ёбии ҳарифии маст чун вай
Муҳаббати номааш аз ёд магузор
Муҳиби хештанро ёд май дор