То аз сари зулфи ту яке тори баромад
Сад фитна аён шуд
Сад шӯри зи ислому зи куффори баромад
Ғавғо ба ҷаҳон шуд
Бар хоки замин чун ки яке ҷуръа фишонданд
Аз бода бе чун
Аз хоки замини он бути айёри баромад
Сари хайл батон шуд
Масҷуд млоик шуду лашкари каши арвоҳ
Зон рӯҳи муқаддас
Шайтони зи ҳасад бар сари инкори баромад
Мардӯд замон шуд
То аз яд Байзо бинмудӣ сари ангушт
Ма ҷома бадаред
Тарсои зи чилипоу зи зуннор бар омад
Дар дайн амон шуд
Як ғамза намӯдӣ ба халил аз ту дар афтод
Андари дили оташ
Гулзори биҳишт аз ҷигари нори баромад
Оташ чу ҷинон шуд
То меҳри ҷамоли рухи хуби ту таҷаллӣ
Кард аз пас парда
Мӯсои зи пай дидани дидор бар омад
Бар тавр равон шуд
Асрор ҳақиқат натавон гуфт ба ағёр
Кӯ чун ба ҷаҳон шуд
Каз сари сарои пардаи асрори баромад
Дили барад ва ниҳон шуд
Аҷзоӣ зроир набӯд зарраи холӣ
Аз партави он нур
Ҳар зарра каз он партави анвори баромад
Хуршед аён шуд
Сайиди зи кафи соқии ваҳдат чу банушед
Ҷомии зи муҳаббат
Сари маст май ишқ ба бозори баромад
Дар айн аён шуд