Он кист ки сари маст ба бозор бар омад

Он ҷон ҷаҳон аст

Сад бор фурӯ рафт ва дигар бор бар омад

То ҳаст чунон аст

Хуршед дар ойина ма кард нигоҳӣ

Он нур падед аст

Дар даври қамари он маи анвор бар омад

Бингар ки аён аст

Сардор шуд ва ҳам сару дастори биндохт

Дар пои ҳарифон

Риндӣ ки чу Мансур бар ин дор бар омад

Сардор ҷаҳон аст

Дар кӯии хароботи Муғони хуш гузарӣ кард

Он шоҳиди сармаст

Фарёди зи хмхонаҳу хумор бар омад

Кин кӯй Муғон аст

Дар оина бинмуд ҷамол ва чаҳ ҷамолӣ

Дидем ба дида

Аз бткдаҳ эй он бути айёр бар омад

Ҷонам нигарон аст

Олами ҳамаи мустанади зи як хами шаробӣ

Мо низ чунонем

Андак нашуд он бода ва бисёр баромад

Соқяш фалон аст

Ин гуфта мастонаи Сайид чу шунидӣ

Аз завқ бихонаш

Нақдӣаст ки аз махзани асрори баромад

Он ганҷ равон аст