эй номи ту қиблаи забон ҳо

Чашми дилҳо чароғи ҷон ҳо

Ойӣна роз туаст олам

Пайдост зи номҳо нишон ҳо

Вайрон шудаи насими шавқат

Монанди ҳубоби хонимон ҳо

Сарманзил туаст бе нишоне

Гирд раҳ кист корвонҳо ?

Шавқи ту ба ҳар дилӣ ки афтод

Пар кард зи хокҳо дукон ҳо

Фарсӯдаи саҷда дар ту

То дар фарқи ҷабини осмон ҳо

Гардид асир аз дили ту

Ойӣнагар яқини гумон ҳо