Сӯхти зиндони хуморами сафар шиша куҷост
Гӯшаи майкадаи он дайри ҳарам пеша куҷост
Зиндагии талхтар аз марг буд бе ғами ишқ
Сӯхти хӯн дар рагам он нашутур андеша куҷост
То кӣ аз бозуии Фарҳоди тавон лоф задан
Дили сахтӣ ки шавад саришкан теша куҷост
То гули мазҳака аз мастии зоҳиди чинам
Бодаи он маслиҳати андеши сахо пеша куҷост