Шамшери ишқро намаки шарм ҷавҳар аст

То гиря пардагӣ нашавад ханда ҷавҳараст ?

Ин савти ваҷди сӯфии ҳақи ношиноси мо

Такрорҳои лолу сроФшондн кар аст

Равшандилии зи партави озодагони талаб

Ойӣна зинда карда ном Сикандар аст

Шӯҳрат ба гирди обила по наме расад

Анқои ишқро дили девона беҳтар аст

Мавҷи иҷобат аз дили мо ҷӯш ме занад

Сарчашмаи қабули дуои дида тар аст

Май сӯзам аз хаёли қадии даври чашми бад

Гирди мазорам аз пари парвоз беҳтар аст

Девонагии ғубор маро медиҳад ба бод

Эксир бе нишонеи ман кӣмёгар аст

Як ҳарф беш нест зи тафсири розҳо

Маънӣ якеаст гарчи иборат мукаррар аст