Ману базмӣ ки ба мижгон нарасад хоби онҷо

Шавад ором майу соғари симоби онҷо

Андалеб чаманӣ гашта дилам каз нами ашк

Шуълаи доғ буд лолаи сероби онҷо

Шудаам ғарқаи баҳрӣ ки зи эъҷози хатар

Зулфи Мансур буд печиши гирдоби онҷо

Шаҳри табриз ки гулгунии рухсори шафақ

Зард рӯе кашад аз хиҷлати Сурхоби онҷо

Ишқ бекор нишинад ки зи эъҷози назар

Ташнаи хӯн намак гашта сФидоби онҷо