Чун муҳаббати ҷӯш ботин зад фароғат мушкил аст

Масти ин маънӣ шудан аз ҷоми сӯрат мушкил аст

Куфру имони киштам ва аз хештан розӣ нестам

Улфат осонаст аммо поси улфат мушкил аст

Ботин аз зоҳир намедонам зи ҷӯши икдлӣ

Фош мегӯям ба ёрон бо ман улфат мушкил аст

Синаи софии аввалин ҳарфи китоб дӯстӣ аст

Дӯстони музди хиҷолатҳо иборат мушкил аст

Мастӣу шӯри ҷунуну ишқу истиғнои ёр

Оқилони девонаи моро насиҳат мушкил аст

Мӯ ба мӯем мекунад парвози истилои шавқ

Бастанам чун зарра дар занҷири тоқат мушкил аст

Аз асир эй боғбони гулҳои раъноро бигӯ

Хори хиҷлат дар ҷигари лофи назокат мушкил аст