Харобаи гирди фалаки эҳтишоми оҳ ман аст

Расед силсилаи субҳу шоми оҳ ман аст

Чаҳ сайдҳо ки ба фитрок ёр хоҳам баст

Асари ҳарис шикорасту доми оҳ ман аст

зи ҷустуҷӯии саворӣ ғубор хоҳам шуд

Касе ки мерасад аввал ба коми оҳ ман аст

Тилисмҳост ки нозу ниёз май бандад

Ҳалоли хандаи ёру ҳароми оҳ ман аст