Дории тамоми олам агар ошно яке аст
Аз туаст ҳар чаҳ хоҳӣ агар муддао яке аст
Ойӣнаи дор тафриқа бошад ҳузури дил
Сад ҷилва бешу соғари гетии намо яке аст
Дар обу хоки майкадаи дил дуе мабод
Дарди таҳи пиёлау софи вафо яке аст
Дорем қотилӣ ки зи ёди хиром ӯ
Гирди харобаи дилу оби бақо яке аст
Дар дона ту дид фалаки поки гавҳарӣ
Ҳар чанд саъй комил нашаву намо яке аст
Гар чашм пок ҳаст зи олӯдагӣ чаҳ бок
Нури чароғи масҷиду майхонаҳо яке аст
Парвози хандаи гули шӯх ҳавоӣ кист
Зулфи парӣу ҷилваи боли ҳумо яке аст
Гар айб аз ҳунар нашносем давр нест
Сад ранг ҷилва ҳаст ки дар чашми мо яке аст
Гулдастаи ҳавоси зи як ришта баста анд
Дории дили дуруст агар муддао яке аст
Осӯда бош асир ки аз файзи икдлӣ
Таъсири обу оташу хоку ҳаво яке аст