Агар ситам кунад умед эҳтиромӣ ҳаст

Ҷавоб агар диҳад андеша саломӣ ҳаст

зи хоки раҳгузарат сайдгоҳ ме ҷӯшад

Ба ҳар тараф ки саманди ту рафта домӣ ҳаст

Халал пазир нагардад баннои нозу ниёз

Ҷафои ёру вафои маро давомӣ ҳаст

Назораи муҳаррами рози ниҳон ошиқ нест

Агар хаёли лабаш май барад паёмӣ ҳаст

Асири ишқаму сайёди ваҳшии суханам

Ба ёди чашми туами улфат тамомӣ ҳаст