Файзи бедории Масеҳ бахт олуд кист

Субҳдами парвонаи базми шаб мавлуд кист

Анбари Сорои дӯди миҷмари рӯҳонӣон

Накҳати райҳони гулзори абир андӯд кист

Файзи имшаб гар набошад қиблаи даври фалак

Субҳи мастӣ дар тавофи каъба мақсӯд кист

Мардуми чашми сабоҳи интизори файзи ид

Партави рӯҳонии шамъи шаб мавлуд кист

Ҳар тараф рӯ мекунам чун каъбаи миҳроб дил аст

Ғайри ман дар тўФи имшаби шаш ҷиҳат масҷуд кист

намекашад субҳи висол аз шоми ҳиҷрони нозҳо

Гармӣ судаст то маҳшар надонам суд кист

Аз таҷаллӣ ҳар тарафи парвонае пар ме занад

Шамъи хлўтхонаҳи ваҳдати шаб мавлуд кист

Хизр аз бедории имшаби зулолӣ гар нахурд

Зиндаи ҷовид бӯдани оташ бидўд кист

Дорад аз гӯши шунидани чашм дидани тоза тар

Файз бедорӣ надонам субҳдам мавъӯд кист

Гоҳе аз ғифлати гуҳ аз бениши дилӣ во ме кунам

Субҳу шоми асир аз чашм хоб олуд кист