Гулзорҳо зи ашки ҷгртоб чашм кист
Вайронаҳо намӯнае аз об чашм кист
Ҳаргизи хаёлат аз назар мо наме равад
Донистае ки сайри рахти боб чашм кист
Шабнам чакад зи гулбуни шӯхи шарорҳо
Саҳрои ҷустуҷӯии ту сероб чашм кист
Ҳар осмон нишон диҳад аз таҳтаи пора Эй
Олами шикастаи киштии сайлоб чашм кист
Аз трктози шӯх нигоҳон нашуд ғубор
То сарзамини оинаи сероб чашм кист
Булбули таронаи лаби хомӯш бедилӣ аст
Парвона то назораи битоб чашм кист
Умедвор бош чу донистае асир
Бедории дил аз асари хоб чашм кист