Гиряи биқрор пайдо нест
Намаки рӯзгор пайдо нест
Дидам ойӣнаи хонаи ду ҷаҳон
Ҳечкас ғайри ёр пайдо нест
Бскаҳ дар дил гудохтем нафас
Хоки моро ғубор пайдо нест
Бениши ноқис ки ме гуяд
Ки ниҳони ошкор пайдо нест
Дӯди оҳ ки гашти оламгир
Шуълаи шабҳои тор пайдо нест
Ҳайратами сад чамани шкФт ва ҳануз
Асар аз навбаҳор пайдо нест
Чаҳ биҳиштӣаст олами машраб
Хорӣ аз эътибор пайдо нест
Эътидоли ҳавои дили мо ро
Ҳама гул карда хор пайдо нест
Чаҳ бигӯям зи рози ишқу ҷунун
Рангу буии баҳор пайдо нест
Бар сари роҳи интизори асир
Рӯзам аз рӯзгор пайдо нест