Бода чун зӯр оварад ҳушёр месозад маро
Хоб чун гардад гарон бедор месозад маро
Субҳро гулгуна мебахшад кафи хокистарам
Сӯхтани рангинтар аз гулзор месозад маро
Дорад эксири ҳавоси ҷамъи дил чун шуд хароб
Сояи вайронаҳо бисёр месозад маро
Ғифлатами таъмир огоҳӣ аст дидам борҳо
Чашм хоб олуд ман бедор месозад маро
Булбули гулҳои шӯх аз давр бӯдан хуштар аст
Сайри боғи орзӯ безор месозад маро