Лутфи сухану тозагии лафзу адои ҳеҷ
Битобии мо ҳайрати мо шикваи мо ҳеҷ
Аз ҳоли худ оё чаҳ даҳуми дарди сари ту
Ҷузи инки мукаррар бинивисам ду се ҷои ҳеҷ
Мазмуни китобат буд ошуфтаи ғуборам
Зинҳор мапурсӣ дигар аз боди сабои ҳеҷ
Гӯшӣ ки набошад лаб гуё чаҳ сарояд
Чун дард сухан нест дигар замзамаҳо ҳеҷ
Ҳарфӣ ки нафаҳмида чаҳ гуфтан чаҳ шунидан
Дарди дили мо ҳеҷ буд матлаби мо ҳеҷ
Афсонаи беҳуда чаҳ бандад чаҳ кушояд
Бошад гиреҳи зулфи парешони ҳавои ҳеҷ
Гуфтем баҳор аст бабандем ҷноғӣ
Хандид ки девона шудан аз ту зи мо ҳеҷ
Биқдрӣ ҳар зарраи зи саршорӣ нур аст
Чун қиблаи аёни гашт буд қиблаи намои ҳеҷ
Шамшоди қадони қаҳти табассум қурӯқ кист
Дигар чаҳ бигӯям ки нафаҳмид шумо ҳеҷ
Бо ӣнҳамаи ғифлати нафас аз ёд ту дорем
Якбор напурсӣ зи фаромӯшии мо ҳеҷ
Анқост таманнои ҳама сайёд шуъӯранд
Биҷо чу буд баҳс буд ҳарфи баҷои ҳеҷ
Ҳамсуҳбати девона шудан сарфа надорад
Дорем хабарҳо ки напурсанд зи мо ҳеҷ
Аз деву парӣ рӯй замини базм сароб аст
Ҳарфӣ натавон гуфт биҷузи номи худои ҳеҷ
Мо неку бади мардуми олам чаҳ шиносем
Аз пашша мапурсед зи симурғу ҳумои ҳеҷ
Аз бӯсаи хотами набарди арзи назокат
Дастӣ ки надидааст биҷузи дидаи мо ҳеҷ
Девони асири ту биҷузи номи ту ҳеҷ аст
Печидагии мисрау мазмуни расои ҳеҷ