Чу шамъи сӯхтагӣ тар кунад димоғи маро

Нигоҳ гарм диҳад равшании чароғи маро

Баҳори ташна хӯнам шавад агар донад

Ки оби теғи ту сарсабз карда боғи маро

Ба азми кӯии ту овораи чаман шуда ам

зи буи гул накунад то касе суроғи маро

Ба кор сӯхтанами шуъла чун кунад тақсир

Нахондааст магари сарнавишти доғи маро

Серуми асири зсўдои соқе гарм аст

Ки аз шикастан дил пуркунад аёғи маро