Нигаҳ дар дидаи андом ту дорад

Нафас дар синаи пайғом ту дорад

Дилам дар хоки ҳам соҳиб камол аст

Ба бозуи ҳрзӣ аз ном ту дорад

Расои афтодаи мастӣҳои Мансур

Магари кайфият аз ҷом ту дорад

Чаҳ май пурсӣ чаҳ дорад бенавои дил

Дуои субҳ то шом ту дорад

Дили ман боғ хандидан надонист

Намакзории зи дашном ту дорад

Чаҳ сайёдӣ чаҳ сайёдӣ ки ҳар сайд

Барои сайди худ дом ту дорад

Асир аз ҳар ду олам бениёз аст

Ба нокомии ҳамон ком ту дорад