На ашкаст инки бе ёди ту дар чашмам ғулув дорад
Нигоҳ аз шавқи дидорати дили пар орзӯ дорад
Гули паймонаи ҳам дар дасти соқӣ ғунча ме гардад
Магар дар сари ҳавои ғунчаи хандон ӯ дорад
Шикасти зулф ӯ бисёр медидам чаҳ донистам
Ки баҳри қатли ман чун хати сипоҳӣ дар сабу дорад ?
зи баси дил бо хаёлаш мекунад машқи парешоне
Сари банди насими зулф ӯро мӯ ба мӯ дорад
зи бас аз ҳарфи шавқ рӯй ӯ гул дар гиребон кард
Басони ғунчаи мактуби асирони ранг ва бӯ дорад
зи мавҷи оташини банди ниқоб шарм бигушоед
зи акси чеҳра ӯ духтари рузи бскаҳ рӯ дорад
Шудам шармандаи ишқ аз тағофулҳои шарм ӯ
Хушо чоки дилӣ каз бениши мижгон руфӯ дорад
Суҷудии пеши он миҳроби абрӯ ме тавон кардан
Асир аз хӯни умеди ду оламгар вузӯ дорад