Рухӣ аз бодаи рахшон метавон кард
Гулӣ аз шуълаи хандон метавон кард
Агар аз хеши пинҳон метавон шуд
Туро аз халқи пинҳон метавон кард
зи шӯри бихўдӣ дар базми мисатон
Дили моро намакдон метавон кард
зи рӯяти ханда бар гул метавон зад
Сарашро ҳам чироғон метавон кард
Баҳори синаи софии турбати ман
Гул аз хокам ба домон метавон кард