Дилӣ куҷост ки сомони айш мо гирад
Гулоби хӯни зи гули соя ҳумо гирад
Шикасти тавбаи мо субҳи ид гулзор аст
Ҳавои зи сояи гули даст дар ҳино гирад
Ғубори фитнаи ҳаворо кунад гиребони чок
Агар на дили сари занҷири оҳ мо гирад
Адами шикоф қафас гардад аз хароши нафас
Агар шикори туро хоб муддао гирад
Хаҷал шудам зи дили дӯсти душманони зинҳор
Дигар касе з чаҳ рӯи ҷониб шумо гирад
Ба як тапидан аз ин дом ме тавон ҷустан
Агар на хори ҷафои доман вафо гирад
Ҳануз шева бегонагӣ наме донад
Ҳазор нукта ба як ҳарф ошно гирад
Дар ин чамани сари вкорм ба сарви худ рое аст
Ки ҷилва дар гулу назора дар ҳаё гирад
Абири перҳани буии гул ба бод равад
Ғубори куштаи нозат агар ҳаво гирад
Асири хоби парешон дил макун таъбир
Мабод хотираш аз шева ҷафо гирад