Навбаҳораст ба майхона муборак бошад
Ҷомаи ид ба девона муборак бошад
Хами абрӯии туро дида , кашидем шароб
Моҳи нав бар рухи паймона муборак бошад
Дилам аз файзи таманнои ту доим чаман аст
То қиёмат ба ту ин хона муборак бошад
Аз тапидани дили ман хоби рибои сохт ту ро
Равиши тозаи афсона муборак бошад
Гуҳи рабояндаи ғами гоҳи физояндаи ҳуш
Бода бар оқилу девона муборак бошад
эй нигаҳи ваҳшати улфати равиши биҳдаҳи ранҷ
Ошноӣ ба ту бегона муборак бошад
Додам аз дӯди дилии хирмани олам бар бод
Тозаи мурғони қафаси дона муборак бошад
Ҳарза то чанд харошии дили худ бе худ асир
Улфати зулфаш бо шона муборак бошад