Нигаҳи ёри гиребон ту бошад
Агар бори гиребон ту бошад ?
Нигоҳи ман чу буии ғунчаи пинҳон
Гирифтори гиребон ту бошад
Бидам бо буии пероҳан ки тарсам
Харидори гиребон ту бошад
Ба мижгонати супурдами риштаи ҷон
Ки дар кори гиребон ту бошад
Дуоӣ бесару сомон асир аст
Нигаҳдори гиребон ту бошад