Ба тағофул агарам чашми ту расво накунад

Рози пинҳони марои вирд забонҳо накунад

Ҳеҷ ғам нест ки аз мо ҳамаи олами бибаранд

Теғи мижгони ту қатъ аз мо накунад

Шудаам захмии тифлӣ ки чу аз ман гузарад

Зер лаб хандад ва аз шарм тамошо накунад

Дорад умеди ҳмоғўшии хоки қадамӣ

Дидаи ман ки ба хуршеди бағал во накунад

Шарари ашки зи оташкада дил дорем

Чашми мо такя ба сармоя дарё накунад

Гар буд силсилаи зулфи ту дар дасти асир

Умри сад Хизр ба як мӯии ту савдо накунад