Ғуборӣ аз тавофи каъба мақсӯд ме ояд

Каз истиқбол ӯ хуршед гирдолӯд ме ояд

Ҷавоби хешро пеш аз навиштан метавон донист

Агар қосид набошад номаи мо зуд ме ояд

Ба домони гуҳар савдо намудем донаи ашкӣ

Чаҳ донистам ки тороҷи зиён аз суд ме ояд

Шаҳодат мекунад сарсабзи кишт бениёзон ро

Ки кори абри файз аз теғ хӯн олуд ме ояд

Асир аз шикваи бедоди кишон ӣнқадар донам

Ки ғофили шукрам аз дил бар забон хушнӯд ме ояд