Пайдост акси чеҳраи гул дар ҳавои абр

Ойӣна хона карда чаманро сафои абр

Мустанади шоҳидони баҳор аз май ҳаво

Сарҳо бараҳна карда ғзлхўон ба пои абр

Гул мекунад димоғтар аз хоки хушки зуҳд

Соқӣаст то ҳавоӣ рутӯбат физой абр

Девона бода мекашад ва мекунад самоъ

Базм парӣаст дар назари ҷилваҳои абр

Аз мактаби гирифтагӣ озод ме шавад

Тифлӣаст рӯзи ҷумъаи хумори ҳавои абр

Гулҳои абри хайл ғизолон ваҳшӣанд

Шӯхаст сайди кишти ҳавои рӯзҳои абр

Ҳар сабзаи рашки мисра шухӣаст дар назар

Тарҳ ғазал намӯда баҳор аз барои абр

Мо хешро ба соқии кавсар супурда ем

Таклиф бода мечакад аз шеваҳои абр

Дом парӣ кашида баҳор аз шукуфтагӣ

Девонаи ту чун нашавад ошнои абр

Пайдост акси чеҳраи соқии зи барги гул

Аз бскаҳи шаст рӯй чаманро сафои абр

Ҳаряки асир аз дгарӣ хўшнмотр аст

Ҳам хандаҳои шиша ва ҳам гиряҳои абр