Соқии табассуми мижаи коми бештар

Дар файзи субҳи боғи гули ҷоми бештар

Куфраст лаб мабанд зхўоҳш ки лутфи дӯст

Хоҳад з бе ниёзтар иброми бештар

Гар доми эҳтиёт фаромӯш карда Эй

Сайди рамида тар шавадат роми бештар

Бошад зи файзи нисбати икрнгии хаташ

Аз сабзаи саҳари намаки шоми бештар

Озод неъматем ва гирифтор ваҳшатем

Занҷири гашти пора ва шуд доми бештар

Сар кардаем то ки баради сарфа чун асир

Ман бештари дуо ва ту дашноми бештар