эй аз ғами ту ҳар раги мо реша дигар

Ҳар мӯӣ бар сар аз ту дар андеша дигар

Рафтам ки зери соя ҳар барги ин чаман

Холӣ кунам ба ёди хазони шиша дигар

Ҷуз ишқ нест масаъла омӯз куфру дайн

Аз пеши барда ҳар кас аз ӯ пеша дигар

Дарди ту кӯҳкани дили мо бесутуни сабр

Ҳар доғи куҳнаи захми дами теша дигар

Кӣ ишқ ҷо кунад ба дили булҳаваси асир

Шераст онкӣ дам занад аз пеша дигар