То ба кас равшан насозам куфри имони бори хеш
Ҳамчуи шамъ аз халқ пинҳон кардаам зуннори хеш
Файз даст омӯз дорад нохуни мавҷи сиришк
Ҳар гиреҳ каз дили гушойам май занам дар кори хеш
Сарнавишти толеъам то гашта бахти вожгӯн
Гар кунам озор душман мекунам озори хеш
Васли ҷовиди хаёл аз офати ҳиҷр эмин аст
Кӣ тавон сӯхти моро бе гули рухсори хеш
Гар нигоҳи гарм ӯ гардад харидори ниёз
Ишқ май сӯзади сапанд аз гармии бозори хеш
Боғбони гулшани инсофро нозами асир
Каз пар булбул кунад хори сари девори хеш