эй карда зи ёди мо фаромӯш
Ҳайф аст макун вафои фаромӯш
Бо ҳарфи ту ҳарфҳо ароҷиф
Бо ёди ту ёдҳо фаромӯш
Якбор ба сӯии худ нигоҳӣ
Пуркардае аз худои фаромӯш
Шармандагӣ аз вафо надорем
Дорем дилии ҷафои фаромӯш
эй карда ба рағми дӯстдорӣ
Якбораи зи ҳоли мо фаромӯш
Кардем барои хотири ту
Бегонау ошнои фаромӯш
Дар майкадаҳо асири сармаст
Моро макун аз дуои фаромӯш