Равшангари чашму дил мо кун шаби мо ро
Сайқал назанад тираи дилии матлаби мо ро
Дили шукри туро аз қалам шиква нависад
Бовар накунад содаи дилӣ ё раби мо ро
Шояд ки ту якбор надониста бихонӣ
Ойӣна кунад нақши нигини матлаби мо ро
Гуфтанд сувидои дили субҳ умед аст
Диданд чу дар сӯхтагии кавкаби мо ро
Хокистар парвона сириштанд зи шабнам
Карданд банно дар дили мо мактаби мо ро
Мастии гули тақвоу вараъи мавҷ шароб аст
Нашинохта то машраби мо машраби мо ро
Аз гулбуни касрати гули тавҳиди бихандад
Гар об кунад нақши ҷабини мазҳаби мо ро
Девонаи асир аз таҳи дили шукр худо кун
Афзуди зи сидқи ту ҷунуни мазҳаби мо ро