Пуркории маъшӯқ ниҳонаст дар ин боғ

Ҳар ҷилваи з ҳар шева нишонаст дар ин боғ

Субҳи тараб аз бода кашонаст дар ин боғ

Он гул ки нахандид хазонаст дар ин боғ

Ҳар тозаи ниҳол аз хами оғӯши насимӣ

Дар сайди назари тир ва камонаст дар ин боғ

Ҳар лола ки шабнам зада шухӣ доғ аст

Субҳии зи шаби васл аёнаст дар ин боғ

Ҳар барги гул аз шарми назари бозии наргис

Шухии арақ аз чеҳра нишонаст дар ин боғ

Ғифлат нашавад раҳзани бедории шабнам

Боди саҳарии хоб гаронаст дар ин боғ

Бо файзи дами пер сафо ҳаст ва асарҳо

Ҳар сабзаи нави руста ҷавонаст дар ин боғ

Гулзори аҷаби қофила гоҳаст ба сӯрат

Бо ҳар ҷараси ғунча фиғонаст дар ин боғ

Булбул шудаи савдогари бозори назокат

Ҳар ранги гулии ҷинс гаронаст дар ин боғ

Аз атласу зарбафту фарангӣу хтоиӣ

Хуш бар сари ҳам чида дуконаст дар ин боғ

Ҳар ҷоми булӯрӣн ки шуд аз акси чамани сабз

Аз тӯтӣ ( ва ) ойӣна нишонаст дар ин боғ

Бесоғар май хандаи бирнгии гулҳо

Хамёзаи моҳ рамазонаст дар ин боғ

Диўонгиш гул кунад аз сояи сарвӣ

Бо шавқи асири ту камонаст дар ин боғ