Баҳорами гулистон дар гулистони заъф
Ғуборами корвон дар корвони заъф
намеояд зи шармам дар гумони дил
намеояд зи заъфам бар забони заъф
Харидори тани ман бенавои дард
Парастори дили ман нотавони заъф
Тавон дид аз ишоратҳои пинҳон
Ки гардӣдааст мағзи устихони заъф
Сару корам ба тӯфон аўФтодаҳ аст
Дили ман киштӣасту бодбони заъф
Нафас но гашта аз хоками ғуборӣ
Ттқи баст аз замин то осмони заъф
Ғаразгар чашми бемор ту бошад
Бимонад ҷовдон то ҷовдони заъф
Қавитар зӯри абрӯии камондор
Хадангӣ май кушояд бар нишони заъф